Азимов Фурқат Маъсумович
Омӯзгорон ва толибилмони азиз!
Хуш омадед ба сомонаи МТД Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан. Гимназияи мо - яке аз беҳтарин муассисаи таълимии устуворона инкишоф ёфта истодаи шаҳр ба ҳисоб рафта, таърихи бой ва анъанаҳои хоси худро дорост. Маъмурият ва ҷомеаи меҳнатии МТД Гимназияи №1 аҳлона ва бо масъулияти баланд, баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишоти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳр, Раёсати маорифи вилоят ва Раёсати маорифи шаҳр оид ба таълиму тарбияи насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳнат карда истодаанд.

Пурра



Сайтҳо

  • Президенти ҶТ
  • Вазорати маориф ва илми ҶТ
  • Раёсати маорифи вилояти Суғд
  • Раиси шаҳри Истаравшан
  • Маркази миллии тестӣ
  • Муассисаи таълимии давлатии гимназияи №1

    ба номи академик Аҳрор Мухторов, шаҳри Истаравшан,

    вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Гимназияи №1 фаъолияти таълимию тарбиявии худро дар асоси қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз 18 майи соли 2004 таҳти №248 дар бинои собиқ боғчаи бачагонаи ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди “Холдинги камолот” ба роҳ мандааст. Бинои боғча то имрӯз бо ташаббуси маъмурият, падару модарон ва ҷомеаи меҳнатӣ ба таври азнавсозӣ ба бинои таълимӣ мувофиқ гардонида шуд. Имрӯз гимназия дороитолори замонавии варзишӣ, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, 2 синфхонаи компютерӣ, устохонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, майдончаи ҳарбӣ – варзишӣ мебошад.

          Тавассути меҳнати содиқонаю пурмаҳсул ва самараноки омӯзгорону корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷиев М, собиқадори меҳнат Яқубов А, Ҳабибов О, аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Н, Зокиров С, Пришедько О.А, Шарифов Ҳ, Қодиров Ғ, Ҳаитов Ф, омӯзгори эҷодкору навовар Наимов В ва ғайраҳо мақому манзалати гимназияи №1 дар миқёси шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ хеле баланд гардидааст.

          То имрӯз гимназияро 673 нафар толибилмон хатм кардаанд, ки аз инҳо 331 нафарашон донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳуриро хатм намуда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар вазифаҳои табиб, корманди ҳифзи ҳуқуқ, корманди телевизион, корманди ташкилотҳои байналхалқӣ, коргар – муҳандиси соҳаи барқ, корманди донишкадаи энергетикии шаҳри Москва, номзади фанни химия, омӯзгорон, соҳибкорон ва ғайраҳо бомуваффақият адои вазифа карда истодаанд.

           342 хатмкунандаи имрӯз дар донишкада ва донишгоҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он дар Олмон, Русия, Шветсия, ИМА, Куриё, Чин, Англия, Қирғизистон, Қазоқистон, ва ғайраҳо таҳсили худро идома дода истодаанд. Аз байни собиқ хатмкунандагони гимназия то имрӯз дорандагони медали тилло 13 нафар, медали биринҷӣ 27 нафар ва медали нуқра 42 нафар ҳастанд.

           Соли таҳсили ҷорӣ 39 нафар толибилмон дар олимпиадаи шаҳрӣ ҷойи I – 15 нафар, II – 18 нафар ва III – 6 нафар, дар олимпиадаи вилоятӣ 8 нафар иштирок карда 5 нафар ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Аз онҳо 5 нафарашон барои ширкат варзиданд ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ пайдо намуданд.

           Имсол дар гимназия 985 нафар толибилмон дар ду баст таҳсил карда истодаанд.

           Маъмурияти гимназия барои гузаштан ба таълими якбаста ва боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия чораҳои мушаххас андешида истодааст.



    Хабарҳо


    asd asda s 2018-05-18
    Табрикоти маъмурият бахшида ба 14 солагии таъсисёбии гимназияи №1
    Устодон ва толибилмони азиз! Ҳамаи Шумо ҷомеаи меҳнатии гимназия ва хонандагонро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ, бо рӯзи таъсисёбии гимназия, бо 14 солагии ин боргоҳи илм, ки номи академик Аҳрор Мухторовро дорад самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, хонаи ободу зиндагии осоишта, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон ...

    Хабарҳо
    2018 Гимназияи №1. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд Cуроға: ш. Истаравшан, кӯчаи Фабрикӣ 14а
    Тел: +992-3454-2-25-92